Мунира Ҳакимова наттоқи шинохтаи кишвар даргузашт

CC0 / Pxhere / Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мунира Ҳакимова яке аз ровиён ва наттоқони хушсадо ва шинохтаи кишвар субҳи имрӯз дар синни 63 солагӣ аз дунё даргузаштааст

ДУШАНБЕ, 23 май – Sputnik. Дар ин бора Орзу Исо, журналисти шинохта ва  яке аз дӯстони марҳум дар суҳба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, хонум Ҳакимов субҳи имрӯз  аз олам даргузашт.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти овозхон Хуршеди Алидод, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, муҷрии шинохта тули даҳ рӯзи нотобӣ дар манзили зисташ дар Душанбе аз дунё рафт.

Мунира Ҳакимова, қаблан дар вазифаи директори Кохи Ҷомӣ,  раҳбарии идораи тиҷорат ва рекламаи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонр ва чанд вазифаҳи дигар кор кардааст.

Марҳум аз наттоқони шинохтаи кишвар буд, ки қариб тамоми барномаҳои бузурги фарҳангӣ дар кишвар бо ҳузури ӯ доир мегашт.

Ин муҷрии шинохтаи кишвар ҳамчунин дар соҳаи дубляж ва кино низ фаъолият кардааст.

Мунира Ҳакимова ҳамчун журналист ва наттоқ дар радиои Тоҷикистон ва шабакаи аввали Тоҷикистон кор карда, бо овози хубаш миёни мардум маъруф аст. 

Лентаи хабарҳо
0