ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ, Саидмумин Давлатов дар вазифаи мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб кор карда истода сокинонро фиреб додааст.
Ба иттилои манбаъ, моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст
“Ғайр аз ин, Давлатов С.Г. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.