Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Табиб аз Ӯзбекистон: "Тоҷикистон метавонад дар кӯтоҳтарин муддат бар COVID - 19 ғолиб ояд"

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Неъматҷон Иброҳимов, роҳбари гурӯҳи табибони Ӯзбекистон, ба таҷриба ва дониши мутахассисони тоҷик дар самти ошкор ва пешгирии бемории коронавирус баҳои баланд дода аз ташаббусҳои Ҳукумат дар ин самт ситоиш кардааст

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Сафари мутахассисони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Группа узбекских врачей отправилась в Таджикистан, чтобы помочь в борьбе с коронавирусной инфекцией - Sputnik Тоҷикистон
Беморхона  дар майдони футбол: чӣ гуна табибони ӯзбек ба Тоҷикистон кумак мерасонанд

Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот бо мутахассисони ӯзбекистонӣ муовинони вазири тандурустӣ Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат ба ин табибон, ки тӯли чанд муддат дар Тоҷикистон ба ҳамкасбони хеш  ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 кумак расониданд, изҳори миннатдорӣ кардаанд.

Роҳбари гурӯҳи табибони Ӯзбекистон Неъматҷон Иброҳимов иброз доштааст, ки 20 май мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо роҳбарону кормандони муассисаҳои тандурустӣ тариқи телевизион тамошо намуд ва аз он  шод шуд, ки сарвари давлати Тоҷикистон ба масъалаи пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

"Номбурда аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нави COVID-19 ситоиш намуда, иброз дошт, ки бо чунин омодагиҳо ва  андешидани тадбирҳои қатъӣ Тоҷикистон метавонад дар кӯтоҳтарин муддат ба ин беморӣ ғолиб ояд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон  Неъматҷон Иброҳимов ба таҷриба ва дониши мутахассисони тоҷик дар самти ошкор ва пешгирии бемории коронавирус баҳои баланд дод.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш 8 нафар табибони Ӯзбекистон, бо шумули пулманолог, реаниматолог, эпидемиолог, вирусолог ва ҳамшираи тиб бо мақсади мусоидат намудан  ба ҳамтоёни  тоҷики хеш ҷиҳати пешгирӣ ва табобати  беморони гирифтори бемории коронавируси намуди нави COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буданд.

Лентаи хабарҳо
0