ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ барқияи таслият ирсол кард.
Дар ин бора котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон дар номаи таслияташ гуфтааст, ки хабари садамаи фоҷеабори ҳавопаймои мусофирбар дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Карочӣ, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон гардид, раисиҷумҳурро андӯҳгин намудааст.
"Таъзияву тасаллияти амиқи худ ва мардуми Тоҷикистонро ба халқи дӯсти Покистон изҳор намуда, ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам", - омадааст дар номаи таслияти раисиҷумҳур.
Суқути ҳавпаймо дар Қарочӣ
Ҳавопаймои ширкати Pakistan International Airlines дар наздики фурудгоҳи Қарочӣ суқут кард. Гуфта мешавад дар дохили он 90 кас будааст.
Ҳавопаймо ба болои манзилҳои истиқоматӣ афтод.
Airbus A320 аз шаҳри Лоҳур ба самти Қарочӣ парвоз мекард. Шоҳидон мегӯянд, киштии ҳавоӣ якбора ба болои чанд манзили истиқоматӣ сарозер шуд.
Дар баробари ин бино ба гузориши расонаҳо, хушбахтона аз ин ҳодисаи нохуш чандин кас ҷон ба саломат бурдааст.
Феълан дар ҷои ҳодиса қувваҳои мусаллаҳ, мошинҳои оташнишонӣ ва ёрии таъҷилӣ кор мебаранд.
Ҳамчунин мақомоти қурдатии Покистон аллакай аз рӯи ин ҳодиса парванда кушода, тафтишотро оғоз кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар гуфтугӯи охирин бо диспечер сарнишинон аз нуқси муҳаррик гуфтаанд.