Раиси Хатлон ба мардуми Хуросон барои тақсимоти одилонаи кумакҳо ваъда дод

Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон дар дидор ба сокинони ноҳияи Хуросон, ки ахиран дар натиҷаи боридани борони сахт ва омадани сел осеб дидаанд, ваъда дод давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ онҳоро ба мушкилоташон танҳо намегузоранд

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба дидори сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон рафт.

Тавре манбаъ зикр намудааст, раиси вилоят бо чанде аз онҳо мулоқот кард ва бори дигар таъкид намуд, ки ба ҳамаи хонаводаҳои зиёндида кумаки зарурӣ расонида мешавад.

“Давлату ҳукумат ҳеҷ гоҳ онҳоро бо мушкилоташон танҳо намегузоранд”,- қайд намудааст Ҳакимзода.

Ҳамзамон раиси вилоят, барои тақсимоти одилонаи кумакҳои Роҳбари кишвар ба кулли оилаҳои аз офати табиӣ зарардида ва муҳтоҷон ба масъулони Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Хуросон дастур дод.

Председатель Хатлонской области ознакомился с последствием селей в Хуросоне - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Ҳакимзода барои ҷудо кардани қитъаи замин ба хонаводаҳои зарардидаи Хуросон

Ёдрас мешавем, ки шоми 14-уми май дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Хуросон ду нафар ба ҳалокат расида, манзили чанде аз сокинон зарар дид. Мақомоти ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Хуросон мегӯянд, ҳудуди 35 хона пурра вайрон шудааст, вале сокинон мегӯянд, хисороти расида аз ин зиёд аст.

Дар ҷамоати Садриддин Айнӣ ва Ҳилолии ноҳияи Хуросон сел даҳҳо гектар замини кишт ва мактаби рақами 12-ро вайрон карда, ба 300 хонаи дигар осеб расондааст. Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи офати табиӣ 37 манзили сокинон пурра ва 282 қисман қисман осеб дидаанд. Ба гуфтаи мақомот, сел ба деҳаҳои Истиқлол, Ҳалқаҷар, деҳаи ба номи Н.Асадулло, 18-ум анҷумани ҳизб ва Пахтааобод хисорот овардааст.

Даҳҳо нафар аз ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо бастанд. Бархе аз сокинони норозӣ гуфтанд, мақомоти ноҳия ҳарчи зуд ба сарнавишташон таваҷҷуҳ карда, барои барқарор намудани хонаву дар ёрӣ расонанд.

Лентаи хабарҳо
0