Раҳмон: ҷавонон бояд барои ҳимояи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳамеша омода бошанд

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон гуфт, ҷавонони кишвар нерӯи ободгар ва созандагони ояндаи ободу осудаи кишвар мебошанд

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш қайд кард, ки ҳоло ҷавонони кишвар бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари кишвар ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Раҳмон ба сарвазир барои пешниҳоди омори дақиқи коронавирус: “пинҳонкорӣ накунед”

Вай афзуд, имрӯз фаъолияти онҳо миёни аҳли ҷомеа торафт тақвият ёфта, ҷавонони Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар иштироки фаъолона доранд.

“Ҷавонони мо тарафдории самимонаи худро аз сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон бо кору рафтори худ собит месозанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Вай ҳамчунин илова кард, ки ҷавонони кишвар бо асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд, дар раванди ободонии Ватан ва дар бунёди иншооти бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” саҳми назаррас мегузоранд.

“Ҷавонони далеру ғаюри мо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ва содиқона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақши бузург доранд”, таъкид дошт раисҷумҳур.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш қайд намудааст, ки ҷавонони кишвар инчунин, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати мамлакат мебошад, саҳми басо назаррас доранд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
11 супориши муҳлатноки Раҳмон ба Ҳукумат ва вазоратҳо барои пешгирии COVID - 19

“Имкони ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бамаротиб беҳтар гардидааст, солҳои охир сафи варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст”, - гуфт раисҷумҳур.

Ҳамчунин вай зикр кард, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, барои соҳибкасб кардани аҳолӣ мақомот тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ хоҳад кард.

“Бовар дорам, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷавонони ватандӯсти мо дар бунёди ҳазорҳо иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву хизматрасонии ба нақша гирифташуда фаъолона ширкат карда, дар ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон ва тақвияти иқтидори иқтисодии он саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд”, - гуфт Раҳмон.

Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон илова кард, ки ҷавонони кишварро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик эҳтироми хос зоҳир намоянд ва таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёкони хеш арҷ гузоранд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дақиқ гуфт, барои мубориза бо вируси корона чӣ қадар маблағ ҷамъ шудааст

Ҳамчунин вай афзуд, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватанро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистон минбаъд низ саъю талош мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0