ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Музаффар Раҷабзода, мудири Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ин рӯзҳо дар паҳлӯи кормандони соҳаи тандурустӣ бошанд, менависад Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
"Баъди ба қайд гирифтани бемории коронавируси нави КОВИД-19 дар мамлакат бо дастгирии бевоситаи Президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тамоми муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” бо маводҳои доруворӣ, хӯрока ва либосҳои муҳофизатӣ барои табибон таъмин карда шуданд. Роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” тамоми кӯшиш ва талоши хешро ба он равона сохтаанд, ки сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиро боз ҳам беҳтар намуда, ҷавобан ба дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат дар беҳтар намудани солимии аҳолӣ саҳми хешро гузоранд"- гуфтааст Раҷабзода.
Тибқи иттилои манбаъ, чанде қабл аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” 182 нафар шаҳрвандоне, ки зери назорати духтурон қарор доштанд, ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон дар муассисаи мазкур 73 нафари дигар зери назорати табибон қарор доранд.
Дар ҷараёни рухсат шудан шифоёфтагон аз сатҳи хизматрасонии табибони муассиса изҳори қаноатмандӣ намуда, ба табибон ва роҳбарияти муассиса изҳори миннатдорӣ баён намудаанд.
"Давоми 14 рӯзе, ки дар ин муассиса қарор доштам, гумон кардам, ки дар хонаи худам табобат гирифта истодаам. Табибони ин даргоҳ бениҳоят меҳрубон, ҳалим ва ғамхор буданд. Бинобар ин, аз онҳо сидқан миннатдорам. Ҳазорон ташаккур мегӯям ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат, ба табибони ин даргоҳ ки барои сокинони мамлакат чунин шароити мусоидро фароҳам овардаанд",- гуфтааст як тан аз шифоёфтагон.
Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки аз ҷониби афроди хайрхоҳ ба 81 нафар табибон, ҳамшираҳои шавқат ва фаррошони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил“ маводҳои хӯрока кӯмак расонида шудааст.
Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил” сармуассисаи махсусгардонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолияти он ба пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои дилу шараён, расонидани ёрии ташкиливу дастурӣ ба марказҳои кардиологии вилоятӣ, бахшҳои бемориҳои дилу шараён дар ноҳияҳо, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти соҳа ва тайёр намудани дилпизишкон равона карда шудааст. Марказ дорои 192 кат буда, аз сохторҳои зерин: бахши қайду-қабул ва дармонгоҳи машваратӣ, коргоҳи клиникиву-ташхисӣ, бахши реабилитатсия, бахши ташхис, бахши наҷот–12 кат, бахши сактаи дил-50 кат, бахши бемориҳои музмини ишемиявии дил–40 кат, бахши фишорбаландии шараёнӣ–50 кат, бахши аритмия ва нуқсонҳои дил-40 кат иборат мебошад.
Дар марказ миқдори умумии кормандон 272 нафар аз инҳо табибон 46 нафарро ташкил медиҳад. Дар марказ 5 нафар номзади илмҳои тиб ва 1 нафар доктори илмҳои тиб фаъолият менамоянд.