Тоҷикистон аввалин шифоёфтагони “вируси корона” – ро эълон кард

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкВрач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии
Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи як шабонарӯзи ахир дар кишвар 204 нафари дигар мубталои коронавирус гаштааст

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аввалин омори шифоёфтагони «вируси корона» ё КОВИД – 19 - ро эълон кард.

Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон наздики 2 ҳазор шуд

Бино ба иттилоияе, ки маркази матбуоти вазорат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошт, то соати 17.00 – и имрӯъ – 20 май дар саросари кишвар 470 нафар аз ин маризӣ шифо ёфтаанд.

“Теъдоди гирифторон ба 2140 нафар (204 мавриди ҷадид) расида ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 470 нафар шифо ёфтанд. Ҳамзамон, то санаи мазкур дар кишвар аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд. Дар шабонарӯзи ахир касе нафавтидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳамзамон дар ин иттилоия омадааст, ки то 20 май дар кишвар 3532 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 595 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Ҳамзамон, то соати 17:00 дақиқаи 20 май дар кишвар 2140 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 470 нафар шифо ёфтанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд.

Лентаи хабарҳо
0