Фавти нобаҳангом: раиси ноҳияи Тоҷикобод даргузашт

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкЦветы у посольства Бельгии в Москве
Цветы у посольства Бельгии в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон яке чеҳраҳои сиёсии кишвар Маҳмадшоҳзода Ҳамидулло Ғайратшоҳ, раиси феълии ноҳияи Тоҷикобод даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Маҳмадшоҳзода Ҳамидулло Ғайратшоҳ раиси ноҳияи Тоҷикобод субҳи имрӯз тақрибан соати 10:00 дар хонаи худ аз олам чашм пӯшид.

Зебуниссо Рустамова ва модараш - Sputnik Тоҷикистон
Модари Зебинисо Рустамова даргузашт

Маҳмадшоҳзода Ҳамидулло Ғайратшоҳ бародари донишманди тоҷик Рустами Ваҳҳоб аст.

Бояд қайд кард, ки Маҳмадшоҳзода Ҳамидулло Ғайратшоҳ бо фармони Эомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар санаи 23 ноябри соли 2018 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин гардид.

Маҳмадшоҳзода Ҳамидулло Ғайратшоҳ,  соли 1970 дар деҳаи Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст.

Солҳои 1988-1990 дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ қарзи шахрвандиашро ба ҷо овардааст. Соли 1990 ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1995 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Барои гирифтани ихтисоси дуюм соли 1997 ба факултаи гидромелоративии Донишгоҳи мазкур дохил шуда, соли 2002 баъди хатми он соҳиби ихтисоси муҳандис-гидротехник гардид.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти овозхон Хуршеди Алидод, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Фаъолияти меҳнатии Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо соли 1993 дар Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Солҳои 1993-1995 вазифаи иқтисодчӣ, солҳои 1995-2000 вазифаи сармуҳосибро дар Вазорати мазкур ба уҳда дошт.

Аз соли 2000 то соли 2003 вазифаи муовини сардори Раёсат оид ба обҳои нӯшокӣ, солҳои 2003-2006 сармуҳосиби Сарраёсати обҳои нӯшокӣ, аз соли 2006 то соли 2012 вазифаи Сардори иттиҳодияи таъмиру истифодабарии мелоративӣ, солҳои 2012-2014 вазифаи сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати номбурдаро мувафақона пеш бурд.

Аз соли 2014 то соли 2018 ба сифати сардори Раёсати беҳдошти замин ва обоёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кард.

Аз январи соли 2018  то 23-ноябри соли 2018 сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёриро дар водии Ҳисор ба зимма дошт. 

Лентаи хабарҳо
0