ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар хобгоҳи деҳаи Гореловои вилояти Ленинград, 12 муҳоҷир мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба ситоди фаврии минтақавӣ.
Феълан рафтуомад ба хобгоҳ муваққатан маҳдуд карда шудааст. Маълум шуда, ки дар ин хобгоҳ 60 нафар ба сар мебурдааст.
Сироятшавии 66 муҳоҷири тоҷик ба COVID - 19 дар Маскав: омори Созмони "Нур"
Аз ҳамаи онҳо ташхиси COVID - 19 гирифтаанд, вале натиҷааш то ҳол маълум нест.
Ёддрас мешавем, ки пештар 123 муҳоҷир дар хостели ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград гирифтори коронавирус шуда буданд.
Дастгирии муҳоҷирон: созмони "Нур" ба 350 хонаводаи тоҷик кӯмаки озӯқаворӣ расонд
Барои табобати онҳо дар назди хостел беморхонаи саёйр сохтанд. Чанде пеш хабар дода шуд, ки хушбахтона ҳамаи муҳоҷирон шифо ёфтаанд.
Вале, яке аз беморон, ки муҳоҷир аз Ӯзбекистон будааст, натавонист бар ин вабои аср пирӯз шавад ва ҷони худро аз даст дод.