Охирин омори гирифторони коронавирус дар Эрон

© Sputnik / Soheil GhanbarzadehПассажиры метро в Тегеране
Пассажиры метро в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Эрон мегӯянд, то зуҳри рӯзи сешанбеи 19 май, 124 ҳазору 603 нафар дар кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Киёнуш Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар ин кишвар иттилоъ дод. 

Обложка журнала Forbes - Sputnik Тоҷикистон
Манижа, овозхони тоҷик ба рӯйхати Forbes шомил шуд

Тавре хабаргузории "Парстудей" аз қавли Ҷаҳонпур иттилоъ додаст, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 111 бемори ҷадид дар кишвар шиносоӣ шудаанд.

Ҷаҳонпур афзудааст, аз байни мубталоёни ҷадид, 424 нафар дар бемористонҳо бистарӣ шуданд ва бақия пас аз муоина ва дарёфти тавсияҳои лозим раванди дармонро дар хонаҳояшон идома медиҳанд.

Вай ҳамчунин бо ишора ба фавти 62 нафар дар 24 соати гузашта гуфт, мавриди фавти ношӣ аз вируси корона дар Эрон ба 7 ҳазору 119 нафар расидааст.

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, то кунун 97 ҳазору 173 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0