ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳамватанони саховатпеша муҳоҷиронеро, ки дар паи паҳншавии коронавирус дар Русия дар ҳолати ногувор қарор гирифтанд, дастгирӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, рӯзи якшанбе 757 оилаи муҳоҷироне, ки дар Маскав ва вилояти Маскав ҳамчунин 160 хонаводаи ниёзманд аз кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ бо маводи ғизои ниёзи аввал таъмин шуданд.
Аксияи хайрхоҳона бо ибтикори ширкати "РУСМОСТРАНС", ки ба боркашонӣ миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистону Русия машғул аст, гузаронида шуд.
"Имрӯзҳо вазъият вазнин аст, махсусан барои муҳоҷирон. Онҳо на танҳо имкон надоранд ба хонаводаҳояшон кумак кунанд, балки худ ниёзманд шуданд", - гуфт корманди ширкат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Дар умум 917 хонавода соҳиби маводи ғизо шуд: 110 қуттӣ ба кудаонии бепарастор ва ниёзмандон дар Любертси, 130 зодагони Ӯзбекистон, 55 хонаводаҳо аз Қирғизистон, 60 - муҳоҷири аз Афғонистон омада, 50 - қуттӣ ба Бунёди "Дом Доброты". Дар баробари ин ба ду хостел, ки дар онҳо беш аз 40 муҳоҷир ба сар мебарад, мавод расонида шуд.
"500 қуттии маводи ғизоӣ мо ҳамроҳи намояндагони консулгарии Тоҷикистон ба муҳоҷирони ниёзманди тоҷик додем", - афзуд корманди "РУСМОСТРАНС".
Ба аксияи хайрия ҳамчунин варзишкори машҳури тоҷик Аъзам Ғаффоров низ ҳамроҳ шуд. Ӯ шахсан ба склади ширкат 10 тонна картошка овардааст. Бо хоҳиши ӯ ба ҳар хонаводаи тоҷик 20-килоӣ картошка дода шуд.
Муҳоҷирони ниёзманд аз дасти саховатмандон биринҷ, гречка, орд, макарон, шакар, намак, руған, шир, чой, хурмо, картошка, пиёз ва сабзӣ гирифтанд.
"Мо ду навъи қуттӣ 10-килоӣ ва 60 - килоӣ мутобиқи шумораи аъзоёни оила омода карда будем. Буҷети умумии ин кумак аз як миллион рублей бештар шуд", - гуфт манбаъ.
Ҳамин тавр ба муҳоҷирони ниёзманд 37 тонна маводи ғизоӣ дода шуд. Барои ба хонаводаи муҳоҷирон расонидани ин кумак 55 сабукрав ва 12 боркаш ба роҳ баромад.
Бояд гуфт, ин дуюмин аксияи хайрияи ширкат мебошад. Пештар дар паи паҳншавии коронавирус дар Русия ба 1,7 ҳазор хонаводаи ниёзманд кумак расонида шуд.