Антибиотикҳо, доруҳои зидди вирусӣ, витаминҳо: кумаки ширкати “Авесто Гурӯҳ” ба вазорат

© Пресс-служба Мэрии города ДушанбеЛекарства из Индии доставленные спецрейсом
Лекарства из Индии доставленные спецрейсом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ҷониби ширкати “Авесто Гурӯҳ” ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маводҳои доруворӣ, аз қабили антибиотикҳо, доруҳои зидди вирусӣ, витаминҳо ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ супорида шуд

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, субҳи имрӯз 18 май масъулини ширкти “Авесто Гурӯҳ” лавозимоти зарурии тиббиро   ба масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон супориданд.

Колонна медикаментов и средств защиты в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Кумак расид: 140 мошин бо 900 тонна маводи озуқа ва доруворӣ вориди шаҳри Хуҷанд шуд

Манбаъ қайд намудаат, ки маводҳои дорувории дастрасшуда барои фаъолияти имрӯзаи кормандони соҳаи тиб ва пешгирӣ  аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва табобати беморон ниҳоят муҳим арзёбӣ мешавад.

“Доруворӣ ва лавозимоти тиббие, ки  ба вазорат дастрас шуданд, дорои сифати баланд ва сертификатҳои зарурӣ буда, аз истеҳсолкунандагони кишварҳои Фаронса, Слования, Русия, Ҳиндустон, Белорус, Украина ва Хитой дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои фарматсевтӣ ба Тоҷикистон дастрас карда шудаанд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Тибқи иттилои мнабаъ, шумораи умумии маводҳои доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ зиёда аз 30 номгӯй буда, 350 ҳазор бастаро дарбар гирифта, арзиши он беш аз 3,4 миллион сомонӣ мебошад.

Манбаъ зикр кардааст, ки ширкати “Авесто Гурӯҳ” аз рӯзҳои аввали муайян гаштани мавҷудияти сирояти коронавирус дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ дар муддати кӯтоҳ лавозимоти тиббӣ ва маводи дорувориро дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дастрас ва тибқи тартиби муқарраргардида ба таври ройгон ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ  расонид.

Бояд қайд кард, ки санаи 12 майи соли равон ширкати “Авесто Гурӯҳ” ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 53 200 адад лавозимоти зарурии тиббӣ, аз қабили либосҳои махсуси тиббӣ, айнакҳои ҳимоякунанда, дастпӯшакҳо, ниқобҳои махсуси пластикӣ ва муқаррарии муҳофизатӣ ба таври ройгон дастрас намуда буд.

Лентаи хабарҳо
0