ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик ошно шудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гаштҳои рӯзона ва шабонаро ба роҳ мондааст.
Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
© Вазорати тандурустии ТоҷикистонБоздиди вазири тандурустӣ аз беморхонаҳо
Боздиди вазири тандурустӣ аз беморхонаҳо
Гуфта мешавад, ки бо ин мақсад 15 майи соли равон муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед аз Маркази саломатии №10 ва як қатор муассисаҳои тандурустии пойтахт ва Мирҳамуддин Камолзода аз Беморхонаи марказӣ ва КАТС-и ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуданд.
Манбаъ афзуда, ки ҳадаф аз боздиди муовинони вазир аз муассисаҳои тандурустии мазкур ошноӣ бо фаъолияти онҳо ва ҳамзамон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда андешидани чораҳои зарурӣ ба шумор меравад.