ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода аз бемории пневмония шифо ёфт, хабар медиҳад, Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, сиёсатмадор ҳафтае пеш - рӯзи 5 май бистарӣ карда шуд.
Дирӯз, 15 май Маҳмадтоҳир Зокирзода аз бемористони сироятии шаҳри Душанбе ҷавоб шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, ба фаъолияти табибони беморхона баҳои баланд дод.
Супориши Ҳукумат: Абдуллоҳи Раҳнаморо ба бемористони "Зарафшон" бурданд
Манбаъ афзуда, ки Зокирзода ба раҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва кормандони тибб изҳори сипос кардааст.