Раиси Хуҷанд ба 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр дастгоҳҳои дорупошӣ тақдим кард

© © SputnikМаруф Мухаммадзода
Маруф Мухаммадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд барои мубориза алайҳи пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирусм ба 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, 22 адад дастгоҳҳои дорупошӣ барои тамизгардонии доимии ҳудуди маҳаллаҳо тақдим кард

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд ин тадбир имкон медиҳад, ки корҳои безарагардонӣ дар шаҳр ҷараёни тоза гирад ва дар фурсати кутоҳ ин бемориро аз байн барад.

“Аллакай ин дастгоҳҳои дорупошак шуруъ аз имрӯз дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр баҳри тамизгардонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз ҷониби Корхонаҳои давлатии “Истифодабарии манзили соҳили рост” ва “Истифодабарии манзили соҳили чап” ду ададии дигар дастгоҳҳои дорупошак баҳри безаргардонӣ истифода шуда истодааст.

Сотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ситоди Хуҷанд: пизишкон ва дорухонаҳо бо тамоми лавозимоти тиббӣ таъминанд

Субҳи имрӯз аз ҷониби кормандони Корхонаи давлатии “Истифодабарии манзили соҳили рост” як қатор даромадҳо ва ҳавлии биноҳои баландошёнаи микроноҳияи 13-ум мавриди тамизгардонӣ қарор гирифтанд.

“То имрӯз аз ҷониби ин корхона беш аз 170 хона ва 540 даромадгоҳҳо безарар гардонида шуданд”, - зикр намудааст манбаъ.

Ҳамзамон мақомоти шаҳри Хуҷанд аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми гаштугузор қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, зимни аз хона баромадан ба таври ҳатмӣ аз ниқобҳои тиббии муҳофизатию нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ истифода намуда, саҳми худро дар ҳифзи солимии ҷомеа гузоранд.

Лентаи хабарҳо
0