Фармоиши вазири маориф: маоши омӯзгорон пардохт мешавад, қисме ба рухсатӣ мераванд

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф
Министр образования РТ Имомзода Мухаммадюсуф - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан боз доштани раванди таълим аз ҷойи кори асосӣ пардохт карда шавад

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан  боз доштани раванди таълим аз ҷойи кори асосӣ пардохт карда мешавад.

Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Ҳакимзода ба раисон барои пардохти саривақтии маош ва кӯмакпулӣ ба табибон

Дар ин бора 13 май фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо мақсади амалӣ намудани протоколҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19  ба тасвиб расидааст.

Тавре "Ховар" гузориш медиҳад, вазири маориф фармоиш додааст, ки раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, новбаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз 27 апрели соли 2020 бо назардошти ҳолати баамаломада муваққатан боз дошта шавад.

"Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан  боз доштани раванди таълим аз ҷойи кори асоси пардохт карда шавад", — омадааст дар фармоиш.

Ҳамчунин мутобиқи ин фармоиш, рухсатии меҳнатии навбатии омӯзгорон ва дигар корманони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барухсатӣ мераванд.

Ҳамин тавр, кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии томактабӣ, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгороне, ки дар аттестатсияи хатм иштирок намекунанд, аз 15 майи соли 2020 ба рухсатии меҳнатии навбатӣ фиристода мешаванд.

Дедушка отдыхает на улице в городе Худжанд, перед главной мечетью города - Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали сол ба нафақагирон 5,2 милион сомонӣ пардохт шуд
Омӯзгороне, ки дар аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 вобаста мебошанд, тибқи муқаррарот ба рухсатии навбатӣ фиристода мешаванд.

Кормандони маъмурӣ ва дигар кормандони хурди техникӣ мувофиқи тартиби ҷадвали рухсатиҳои меҳнатии тасдиқшудаи муассисаи таълимӣ ба рухсатии меҳнатии навбатӣ фиристода мешаванд.
Пештар як фармоиши дигари вазири маориф ба тасвиб расида буд, ки мувофиқи он таътил дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ тамдид карда мешавад.

Супоришҳои вазири меҳнат ба намояндагиҳо дар Русия барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бошад, аз 11 май то 16 августи соли 2020 ба хонандагону омӯзгорон таътили тобистона эълон карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0