Мадина Ақаназарова рӯзи 14 май дар шабакаи Youtube клипи нави худро нашр кард.
Дар ин намоҳанг аз бевафоии ёр шикоят меравад ва сароянда мегӯяд як нафас бо ёр будан - чун як умр аст.
Матни суруди нави Мадина ба қалами шоираи машҳур Гулрухсор Сафиева тааллуқ дошта, намоҳангро Эраҷ Ҳамидов танзим кардааст.
Дар давоми ду рӯзи нашр намоҳанги нави Мадинаро беш аз 23 ҳазор кас боздид карда ва зиёда аз ҳазор нафар писандидааст.
Мадина Ақназаров ахиран суруди тозаи дигаре таҳти унвони "Ту марав" дар шабакаи Youtube нашр карда буд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 15 феврали Мадина Ақназарова барои мухлисонаш дар шаҳри Маскав консерт баргузор кард.
Мадина Ақназарова тоҷикони Маскавро ба "по" хезонд - видеои консерт
Ӯ мухлисонашро бо сурудҳои ҷадид ва дӯстдоштаи пешин шод кард. Мадина сурудҳои "Ай ёр ёр", "Ёри ман", "Шаб", "Ба армон рафтам", "Бирақсем", "Ҷону дилам", "Кори ту пайваста озор аст, гӯӣ нестаст", "Оре"ва ғайра-ро пешкаши мухлисонаш намуд.
Мадина Ақназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Пас аз чанде хонаводаи Мадина ба пойтахти шимолии Русия шаҳри Санкт-Петербург мекӯчад.
Мадина то синфи 9-ум дар мактаби рақами 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бозгашт.
Мадина ҳуҷҷатҳояшро ба мактаби мусиқии ба номи Аҳмад Бобоқулов бо маслиҳати бобояш ба шуъбаи академӣ (опера) супорид ва онро бо хубӣ хатм кард. Пасон Мадина таҳсилашро дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома дод.
Феълан Мадина Ақназарова донишҷӯи соли сеюми Донишкадаи ҳунарҳои зебо мебошад.
То имрӯз Мадина Ақназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Пебербург баргузор кардааст.
Ӯ орзу дорад дар зиндагӣ бо кори дӯстдошта машғул бошад - ҳунарнамоӣ кунад, оилаи қавӣ барпо намояд ва инсони хушбахт шавад.