Ғарб Русияро ба маълумоти бардурӯғи омори беморони коронавирус муттаҳам мекунад - навор

Обуна шудан
Ҷанги иттилоотӣ аз ҷониби Ғарбу Амрико алайҳи Русия ҳатто дар давоми пандемия идома дорад ва Маскавро ба омори нодуруст додан нисбати қурбониёни коронавирус айбдор мекунанд

Нашрияҳои ғарбии New York Times ва Financial Times дар маводи худ Русияро ба он айбдор карданд, ки омори расмӣ оид ба фавт аз коронавирус камтар аст.

Дар навбати худ, мақомоти Русия ин нашрияҳоро ғаразнок номида, раддия талаб карданд. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова инро ҳамлаи барномарезишудаи иттилоотӣ ба Русия номид.

Аммо, на танҳо матбуоти ғарбӣ бо сӯиқасд дар мавзӯи коронавирус машғуланд, аксар вақт мансабдорони ИМА айбҳои исботнашуда ва паҳн кардани маълумотҳои нодурустро бо пинҳон кардани мубориза бо сироят истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки дар Иёлоти Муттаҳида 1,4 миллион ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки 85 ҳазор нафари онҳо фавтиданд.

Лентаи хабарҳо
0