Шикояти волидони сарбозон дар Зафаробод: писаронамонро аз карантин ба хизмат бурданд

© Sputnik / Сергей ПивоваровСлужба в армии
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Волидони сарбозоне дар ноҳияи Зафаробод иддао доранд, ки писарони онҳо ғайриқонунӣ ба хизмат бурда шудаанд ва бояд нисбати ин ҳолат аз сӯи мақомот чораи ҳуқуқӣ сурат бигирад

ДУШАНБЕ, 14 май – Sputnik. Роҳила Ёдгорова, модари Бахтиёр Ҷумъаев, яке аз чор сорбоз дар ноҳияи Зафаробод мегуяд, масъулини комиссарияти ҳарбии ноҳия иллати бекор кардани рутбаи ҳарбии писарашро шарҳ надода, онҳоро бидуни огоҳии аъзои хонавода ба хизмат бурдаанд.

“Дар комиссарияти ҳарбии ноҳия сабаби бекор кардани рутбаи ҳарбии фарзандонамонро шарҳ надоданд. Гӯё, ки фарзандони мо, ки дар беморхонаи ноҳия кор мекунанд, аз хизмат саркашӣ карда бошанд”,- гуфт Ёдгорова.
Берцы - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар бораи "облава": қонуншикании ҷиддист, ҳатто беморонро мебаранд

Ин сокини ноҳияи Зафаробод мегуяд, писари ӯву Аҳлиддин Ашрафов ва Дилшод Эшонқулову Шодӣ Шодиев, баъди хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки барои муҳассилин курси ҳарбиро низ фароҳам кардааст, бо дипломи олӣ ва билетӣ ҳарбӣ ба сифати табиб дар беморхонаи ноҳия ба кори касбии худ дохил шуданд, вале кормандони комиссарияти ҳарбӣ бо бекор кардани рутбаи ҳарбӣ, онҳоро пеши худ ба хизмат бурдаанд.

Ба гуфтаи волидони сарбозон, фарзандони онҳо, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси пандемияи COVID -19 дар шароити қарантини хонагӣ қарор доштанд, вале масъулини комиссарияти ҳарбӣ аз ин вазъ истифода карда, онҳоро ба хизмат бурдаанд. Онҳо ин ҳолатро хилофи қонунҳои ҷории кишвар арзёбӣ мекунанд.

Водинони ин сарбозон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ба санаи 12 уми май ба унвонии прокуратураи гарнизони ҳарбии Суғд шикоят бурдаанд, ва умедворанд, ки ин ниҳод нисбати масъулони комиссарияти ҳарбӣ баҳои ҳуқуқӣ дода, ҳаққи қонунии фарзандони онҳоро ҳифз хоҳад кард.

Призыв, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бидуни "облава": дар шаҳри Норак 60 ҷавон ба таври ихтиёрӣ ба сафи артиш пайваст
Бахтиёр Ҷумъаев, духтури сироятшинос, Аҳлиддин Ашрафов, анастезиолог - реаниматолог, Дилшод Эшонқулов, духтури асабшинос ва Шодӣ Шодиев, табиби ҷарроҳ, ҳар яке кормандони беморхонаи ноҳияи Зафаробод мебошанд, ки дар рӯзи 1 ба 2 уми май аз сӯи кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия барои ба хизмат бурда шудаанд.

Мақомоти комиссарияти ҳарбӣ мегуянд, дар ҷалби онҳо ба хизмати аскарӣ қонуншиканӣ сурат нагирифтааст ва иллати бекор намудани рутбаҳои ҳарбиии онҳо дар паи саркашӣ намудан аз хизмат сурат гирифтааст.

Аммо волидон мегуянд, ба таври иҷборӣ аз хона бурдани фарзандонашон ва ҳам пеши худ бекор кардани рутбаи ҳарбӣ онҳо, ҳолатҳое, ки чи гуна аз панҷаи қонун берун пой ниҳодани кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳияро собит мекунад.

Маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ҳамасола дар ду давра: баҳору тирамоҳ баргузор мешавад, аммо тавре хабарҳо ба нашр мерасанд, барои иҷрои нақша масъулин аз роҳу усулҳои ғайриқонунӣ "облава" кор мегиранд.

Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Ҳакимзода ба раисон барои пардохти саривақтии маош ва кӯмакпулӣ ба табибон

Масъулин даъвати ҳарбӣ сарпечии ҷавонон аз хизмати сарбозиро як далели раднопазири мушкили иҷрои нақша таъкид мекунанд, вале шуморе аз ҷавонон мегӯянд, сарбозӣ танҳо хоси ҷавонони оддӣ шудаасту чаро писарони афроди мансабдор аз хизмат парҳез мекунанд?

Чунин ихтилофи назарҳо ҳамасола дар ҷараёни маъракаи даъвати ҷавонон ба Артиш дар қисмҳои низомии кишвар хуруҷ мекунад. Дар ҷараёни даъвати тирамоҳии соли гузашта расонаҳои хабарӣ аз ҷойдошти мавориди сарбозгирӣ ё "облава"- и наваскарон дар шаҳру навоҳии кишвар хабару аксу навор ба нашр расониданд.

Дар баъзе аз ин наворҳо дида мешуд, ки ҳатто масъулин барои иҷрои нақша ҷавонон беморро "облава" кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран ҷаласаи бахшида ба 27 - солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд.

Омори тозаи Вазорати тандурустӣ: 29 фавт ва 907 мубталои коронавирус дар Тоҷикистон

Раисиҷумҳур зикр кард, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳо, аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парлумон то раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" бошанд.

"Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сар аз 1-уми апрел оғоз шуда, қарор аст то охири моҳи май давом кунад.

Ихтирои дастгоҳ барои коронавирус: дар 15 сония безарар мегардонад - видео

Бар тибқи амри раисиҷумҳур дар тӯли ин моҳҳо ҷавонони соли таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд, ки агар ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати сарбозиро надоранд.

Лентаи хабарҳо
0