ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Русия ба шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишвар манзил мехаранд, ВНЖ ё иҷозатномаи истиқоматӣ доданист. Дар ин бора рӯзномаи "Известия" гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, лоиҳаи қонуни вижаро Вазорати иқтисоди кишвар омода кардааст. Мувофиқи он ба қонун "Дар бораи мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ" иловаҳо пешниҳод гардидааст.
Ҷузъиёти ин пешниҳод феълан баррасӣ мешаванд. Муаллифони лоиҳа бояд ҳангоми пешниҳоди он ҳаҷми сармояи шаҳрванди хориҷиро ба назар бигиранд.
Дар ҳамин ҳол, ин тартиботи нав метавонад аз соли оянда амалӣ шавад.
Аммо дар Вазорати иқтисод таъкид карданд, ки пас аз қабули қонуни мазкур, талабот ба шаҳрвандии Русия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ зиёд намешавад.
Коршинос хатари боҷи нав ба муҳоҷирони дорои РВП ва ВНЖ-ро дар Русияро гуфт
Лекин, дар навбати худ, имконияти истиқомати доимиро сармоягузорони хориҷӣ аз даст нахоҳанд дод.