Ҳушдори обуҳавошиносон: раъду барқ ва бориши боронҳои сел дар назар аст

© Михаил КутузовМолния. Архивное фото
Молния. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ эҳтимоли якбора ноустувор гардидани вазъи ҳаво дар назар буда, дар бештари ноҳияҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳида, ба истисно аз шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши боронҳои сел пешгӯӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Бино бар иттилои обуҳавошиносони Тоҷикистон дар ин рӯз раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол низ дур нест.

Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Борон: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ба иттилои манбаъ, 14 май ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 6-8 дараҷа паст шуда, шамол бо шиддати  13-18 метр дар як сония мевазад.

Инчунин дар ин рӯз дар дарёҳои ҷумҳурӣ якбора сатҳи об баланд шуда, дар минтақаҳои кўҳӣ ва доманакўҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба вуҷуд омадани сел дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар рӯзҳои боронӣ аз саёҳат дар кӯҳҳо худдорӣ карда, чорвои худро ба чарогоҳҳо набаранд.

Инчунин бо мақсади пешгирии садамаҳо дар роҳҳои кӯҳӣ ва гузаргоҳҳо аз ронандагон даъват карда мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя карда,  ҳаракати шабонаро маҳдуд кунанд.

Лентаи хабарҳо
0