ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Дар Душанбе нишасти хабарӣ аз анҷоми натиҷаҳои сафари махсуси намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт баргузор гардид.
Дар ҷараёни нишасти хабарӣ, роҳбари гуруҳи СҶБ дар Тоҷикистон Патрик О. Коннор изҳор доштааст, ки кишвар бояд ба сенарияи бадтарини рушди коронавирус омодагӣ гирад.
Ба изҳори ӯ Тоҷикистон ба марҳилае расидаст, ки ин маризӣ дар сартосари кишвар доман задааст, вале "расидан ба қуллаи баландтарини авҷи ин беморӣ ҳоло фурсати зиёд аст".
"Дар дохили Тоҷикистон, ҳолатҳои гирифторшавӣ ба вируси COVID-19 тамоюли ду-се маротиба афзуншавӣ доранд", - афзудааст роҳбари гуруҳи СҶБ дар Тоҷикистон.
Патрик О. Коннор пешниҳод намудаст, ки барои ҳарчӣ бештар ҷилавгирӣ намудан аз маризии коронавирус, зарур аст то омаду рафти шаҳрвандон дар дохили пойтахт маҳдуд карда шавад.
"Бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мо масоили тавсеаи имконоти лабораторияҳо ва таъсиси лабораторияҳои сайёрро баррасӣ кардем. Мо инчунин дар бораи қавӣ гардондани имконоти лабораторияҳои ҷумҳурӣ сӯҳбат кардем", - гуфт намояндаи СҶБ.
Ин вазъи тестиро дар Тоҷикистон беҳтар намуда, раванди интизории натиҷаҳоро суръат мебахшад, гуфт ӯ.
Патрик О. Коннор инчунин қайд кард, ки дар беморхонаҳои кишвар нарасидани либосҳои муҳофизати тиббӣ мавҷуд аст ва таҷҳизоти муҳофизатӣ дар муассисаҳои тиббӣ зуд ба поён мерасанд.
"Мо медонем, ки ба Тоҷикистон як бастаи нави таҷҳизоти муҳофизатӣ ворид шудааст - мақомот бояд фавран онҳоро ба бемористонҳо тақсим кунанд" - гуфт ӯ.
Патрик О. Коннор инчунин қайд кард, ки тестҳо вирусро ҳанӯз дар марҳилаҳои аввал, вақте ки он дар роҳҳои болоии нафаскашӣ аст, ошкор мекунад.
Шифои муллои шинохтаи Тоҷикистон аз коронавирус-акс
Ғайр аз он, ба ақидаи ӯ, Тоҷикистон ба озмоишгоҳ ниёз дорад, ки дар он барои санҷиши ҷисми бегона (антитело) ба коронавирус озмоиш кардан мумкин аст.
"Ҳоло дар Тоҷикистон лабораторияи алоҳида барои санҷиши мавҷудияти антителаҳо омода шуда истодааст. Чунин санҷишҳо барои ҳама дастрасанд", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон, Патрик О. Коннор бар ин назар аст, ки акнун Тоҷикистон бояд ба пешгирии паҳншавии сироят дар кишвар диққати бештар диҳад.
Роҳбари гурӯҳи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон қайд кард, ки ин созмон дар давраи кораш дар ҷумҳурӣ асосан ба коҳиши эҳтимолияти гирифторӣ ба шаклҳои вазнини коронавирус ва коҳиши фавти беморон тамаркуз хоҳад кард.