ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дана Уайт қаблан гуфт, ки агар вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон беҳтар шавад , муҳорибаи ин ду варзишкор имкон дорад тобистон доир шавад.
Аммо баъдан эълон кард, ки Нурмуҳаммадов барои рақобат дар тобистон розӣ нашуд ва ҳамакнун гуфтугӯҳо барои баргузории рақобат дар моҳи сентябр идома дорад.
Портали Sportsnet аз қавли Уайт гуфтааст: "Ман бо Ҳабиб гуфтугӯ кардам. Ӯ гуфт, барои мубориза дар моҳи сентябр омода хоҳад буд. Ман медонам, ки вай дар бораи тобистон гуфт. Мо мубодила кардем ва ба назарам чунин менамуд, ки Ҳабиб ба ин омода аст. Аммо ӯ дар бораи моҳи сентябр гуфт. Ман мехоҳам ин муборизаро дар “Ҷазираҳои набардҳо” гузаронам. Ва ҳол макони дақиқи онро ифшо намекунам”.
Ёдовар мешавем 9 май Дастин Гэтҷи ҳарифаш Тони Фергюсонро шикаст дода, унвони қаҳрамони муваққатии UFC-ро соҳиб шуд.
Размикори доғистонӣ мебоист 18 апрел бо Тони Фергюсони амрикоӣ рақобат кунад, аммо бинобар сабаби пандемия он доир нашуд ва UFC Дастин Гэтҷиро интихоб кард.
Тони Фергюсон аз Ҷастин Гэтжи шикаст хӯрду аз рақобат бо Ҳабиб маҳрум шуд
Муҳорибаи навбатии Ҳабиб қариб баъди як соли танаффус дар назар аст, тирамоҳи соли ҷорӣ доир шавад.
Қаблан худи Ҳабиб Нурмуҳаммадов низ гуфта буд, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегирад ва дар ин давра дар ягон рақобат ширкат намекунад.
Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки пас аз доштани рӯза дар давоми 45 рӯз барои барқарор шудани вазнаш лозим аст. Ҳамин тавр, рақобати навбатии варзишкор дар давраи тирамоҳ хоҳад гузашт.