ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Қурбоналӣ Абдуллоев, ҳунарманди шинохтаи кишвар эълон кард, ки ба карераи овзхонияш хотима мебахшад
Ӯ ин нуктаро дар сафҳаи фейсбукияш гузошта, навиштааст, сар аз 12 май ба қароре омадаастм ки саҳнаи калон ва ҳунари овозхониро тарк мекунад, аммо овозхон сабаби чунин тасмимашро шарҳ надодааст.
“Қарорам қатъист. Аз ҳама азизону ҳамкасбон ва мухлисон ташаккур мекунам. Дар ин муддати умр аз нафароне, ки озорашон додам бисер узр металабам. Умед дорам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ва даҳаи магфират маро мебахшед. Боқи АЛЛОҲ нигоҳбонатон, ОМИН”-навиштааст овозхон.
Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошта, бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур аст.
Беш аз си сари сол аст, ки дар саҳнаи ҳунари тоҷик овозхонӣ мекард.
Ӯ солиёни зиёд дар ансамбли "Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион кор карда, соли 2015 аз ин даргоҳ ба нафақа баромад.