Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид, чӣ куништ: тоҷикон ба намози дастаҷамъӣ ҳамроҳ мешаванд

© AP / Zik MaulanaМусульмане во время пятничной молитвы в мечети в первый день священного месяца Рамадана в Локсеумаве, Индонезия
Мусульмане во время пятничной молитвы в мечети в первый день священного месяца Рамадана в Локсеумаве, Индонезия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
14 май мардуми тамоми сайёра, новобаста аз эътиқодашон тибқи дини худ даст ба дуо бардоштаву аз Худованд илтиҷо хоҳанд кард, ки мардумро аз коронавирус наҷот диҳад. Тоҷикистон низ ба ин намози дастаҷамъӣ ҳамроҳ мешавад

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Ҷомеаи мусалмонони Тоҷикистон ба намози дастаҷамъие, ки мардуми тамоми сайёра рӯзи 14 май хоҳанд гузошт, ҳамроҳ мешавад, хабар додааст, Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси шӯрои уламо.

Саидмукаррам Абдулкодирзода  - Sputnik Тоҷикистон
Намозу ифтору идгардак манъ: Шӯрои уламо гуфт, пули ҳаҷу закотро чигуна сарф бояд кард

Комиссияи олии "Бародарии инсонӣ", ки қароргоҳаш дар Амороти Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, аз тамоми мардуми ҷаҳон даъват ба амал овард, ки рӯзи панҷшанбе, 14 май тибқи оини дин, мазҳаб ва таълимоти худ даст ба дуо бардоранд, аз Худованд илтиҷо намоянд, ки   COVID-19-ро  бартараф созад, инсониятро аз ранҷу азобҳои имрӯза наҷот диҳад ва ба олимон кумак кунад, то табобати онро пайдо намоянд ва дунёро аз оқибатҳои тиббӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии пандемияи коронавирус наҷот диҳанд.

"Ҳар яки мо, дар тамоми ҷаҳон, бояд мувофиқи қоидаҳои дин ё эътиқоди худ дуо гӯем ва аз Худованд хоҳиш кунем, ки дунёро аз мусибатҳои умумиҷаҳонӣ наҷот диҳад", — гуфта мешавад дар изҳороти кумита.

Муъминон инчунин бояд аз Худованд илтиҷо намоянд, ки ба олимон равшанӣ фиристад, то онҳо ваксина ё даворо бар зидди беморӣ пайдо кунанд, ки ҷаҳонро аз мушкилоти глобалӣ дар соҳаҳои гуманитарӣ, иқтисодӣ ва тиббӣ наҷот диҳад.

Кумита бо чунин муроҷиат ба пешвоёни мазҳабии саросари ҷаҳон муроҷиат карда, изҳор дошт, ки пас аз рафъи пандемия Замин беҳтарин макон барои зиндагии  инсонҳо хоҳад шуд.

Абдулқодирзода гуфт, киҳо бояд ба масҷид нараванд: "гунаҳкор мешаванд"

"Мо низ ин даъватро қабул кардем, онро тасдиқу дастгирӣ менамоем ва 14 май ҳатман дуо мекунем, ки инсоният аз ин беморӣ халос шавад", — гуфт роҳбари Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба "Ховар".

 

 

Лентаи хабарҳо
0