Созмони ҷаҳонии беҳдошт омодааст мутахассисони зудамалро ба Тоҷикистон фиристад

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМедицинский работник в отделении реанимации и интенсивной терапии в стационаре для больных с коронавирусной инфекцией
Медицинский работник в отделении реанимации и интенсивной терапии в стационаре для больных с коронавирусной инфекцией - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар суҳбати телефонӣ бо вазири тандурустии Тоҷикистон намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт омодагии худро барои расонидани кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон баён карданд

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон бо Ҳанс Ҳенри Клюге, директори минтақавии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазортаи тандурустии кишвар.

Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ дар робита ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазъият таҳти назорат аст

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати гирифторони  сирояти коронавируси нави COVID-19-ро дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намудааст, ки айни ҳол ҳукумати  Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати гирифторони ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳанс Ҳенри Клюге, директори минтақавии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупо иброз дошт, ки ин ташкилот омодааст мутахассисони зудамалро ба Тоҷикистон сафарбар намояд.

“Ҳамзамон, номбурда пешниҳод намуд, ки бояд ташхисгоҳҳои сайёри мобилӣ ҷиҳати гузаронидани аҳолӣ аз ташхисҳои тестӣ ба роҳ монда шавад”,- таъкид кардааст вазорати тандурустӣ.

Ҳамзамон ҷонибҳо дар бораи дигар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин зимни суҳбат тарафҳо барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳавасмандии хешро иброз  доштанд.

Лентаи хабарҳо
0