Коронавирус ба Вуҳани Чин баргашт

© AP / StringerМедицинский персонал переводит пациента с подозрением на новый коронавирус, в Гонконге
Медицинский персонал переводит пациента с подозрением на новый коронавирус, в Гонконге - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Чин аз ошкор намудани як мавриди сироят ба коронавирус дар вилояти Вуҳани Чин эълон кард. Қабалан мақомоти ин вилоят аз пирӯзӣ ба ин вирус эълон карда буд

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Бар асоси тозатарин гузоришҳо  дар Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, шумори ибтилои рӯзона ба коронавирус дар ин ду кишвар дубора афзоиш ёфтааст.

Президент США Дональд Трамп и председатель КНР Си Цзиньпин в ходе встречи на саммите G20 в Осаке. 29 июня 2019 - Sputnik Тоҷикистон
Трамп: Чин барои коронавирус "ҷавоб" хоҳад дод

Ахиран давлати Чин аз сабти 14 ва Кореяи Ҷанубӣ аз сабти 34 мавриди ҷадиди ибтило ба квируси корона хабар доданд.

Комиссияи миллии беҳдошти Чин ҳамчунин таъкид кард, ки яке аз мавориди ибтилои ҷадид, дар шаҳри Вуҳан, устони Ҳубей сабт шудааст.

Вуҳан шаҳре аст, ки расонаҳои ғарбӣ аз он ба унвони маркази хурӯҷ ва ҳамагирии коронавирус ёд кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки зуҳури маризии сироятии коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин сар зад.

Коронавируси навъи COVID-19 ҳамакнун дар 187 кишвари ҷаҳон паҳн шудааст. Бино ба гузоришҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар саросари ҷаҳон беш аз 3,9 миллион кас ба ин беморӣ олуда шуда, 274 ҳазор нафари онҳо ҷон бохтанд.

Дар баробари ин тибқи таҳлилҳои Донишгоҳи Ҷон Хопкинс (Амрико), шумораи сироятшудагон дар ҷаҳон марзи 4,1 миллионро убур карда, 282 728 кас қурбони он шуду 1,4 миллион кас шифо ёфт.

Аз рӯи фавт ҳамакнун Амрико дар ҷои аввал мебошад.

Лентаи хабарҳо
0