Ҳавопаймо бо кумакҳои пизишкии Эрон ба Тоҷикистон парвоз кард

CC0 / Pixabay / Пассажирский самолет, архивное фото
Пассажирский самолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз аввалин парвози чартерӣ аз Машҳади Эрон ба самти Душанбе анҷом дода мешавад. Ширкати “Вориш” ба Тоҷикистон дар баробари таҷҳизоти пизишкӣ, шаҳрвандони ҷумҳуриро ба Ватан бармегардонад

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Чанд дақиқа пеш, як ҳавопаймои ихтисосии ширкати эронии “Вориш” бо кумакҳои пизишкӣ ва беҳдоштии ин кишвар барои Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе парвоз кард, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Самолет авиакомпании Mahan Air  - Sputnik Тоҷикистон
Фаврӣ: ҳавопаймо аз Машҳади Эрон бо таҷҳизоти пизишкӣ ба самти Душанбе парвоз хоҳад кард

Бино бар иттилои манбаъ, интиқоли аввалин маҳмулаи кумакҳои пизишкӣ ва беҳдоштии Эрон дар пайи гуфтугўи телефонии раисони ҷумҳури ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рўҳонӣ сурат гирифтааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ин кумакҳо шомили 6 тонна дору ва маҳсулоти пизишкиву беҳдоштӣ, аз ҷумла ниқобҳои N95, ниқобҳои сеқабати тиббӣ, либосҳои тиббии ғайрисироятӣ, шишаҳои муҳофизатӣ барои рӯй ва ғайра мебошад.

 Бинобар иттилои мавҷуд, ҷамъоварии кумакҳо барои Тоҷикистон дар Эрон идома дошта, эҳтимолан пас азмуддате маҳмулаи дуввум низ фиристода хоҳад шуд.

ёдрас мешавем, ки чанде пеш сомонаи Фурудгоҳи Ҳошиминажоди Машҳад хабар дода буд, қарор аст бо ин парвоз, ки бо як ҳавопаймои модели Боингм- 737 мутааллиқ ба ширкати Вориш анҷом мешавад теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ мунтақил шаванд.

Ҳамчунин манбаъ зикр кардааст, ки бо ин парвоз таҷҳизоти пизишкӣ низ ирсол мешавад.

Лентаи хабарҳо
0