Даргузашти собиқ раиси “Амонатбонк” чанд соат баъди марги писараш

© Sputnik / Амир ИсаевРухулло Хакимзода на пресс-конференции "Амонатбанка"
Рухулло Хакимзода на пресс-конференции Амонатбанка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Руҳуллоҳ Ҳакимзода, раиси пешини “Амонатбонк” чанд соат баъди марги писараш, Кароматуллоҳ Руҳуллозодаи 25-сола даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Хабари даргузашти Ҳакимзода ва писараш Кароматуллоҳро Сайфулло Салимов, собиқ сухангӯи  “Амонатбонк” тасдиқ кард.

Ба иттилои манбаъ, падару писар Руҳуллоҳ ва Кароматуллоҳ дар фосилаи кӯтоҳ яке паси дигаре дунёро тарк карданд. Сабаби даргузашти падару писар гирифторӣ ба коронавирус арзёбӣ мешавад, аммо расман ҳоло ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.

Руҳулоҳ Ҳакимзода аз чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон буд, ки солиёни дароз дар мақомҳои роҳбарӣ дар вилояти Хатлон ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ кор карда, аз соли 2015 то аввали 2019 роҳбарии калонтарин бонки давлатии кишвар, "Амонатбонк"-ро ба уҳда дошт.

Лентаи хабарҳо
0