Майор бо “Мерседес” ба самти муқобил баромад: шарҳи садамаи пурқурбонӣ-видео

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи ахири пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе – Чаноқро натиҷаи ҳаракат бо суръати баланд арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 11  май — Sputnik. ВУД дар гузориши ахири худ тариқи телевизион иттилоъ дод, ки майори 31-солаи хизмати дохилӣ, Манучеҳр Шокиров, корманди комиссариати ҳарбии шаҳри Гулистон, сари идораи "Мерседес" ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба “Opel -Vectra” бархӯрдааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ронандаи “Мерседес-Бенс” ва мусофиронаш – духтур Бахтиёри Бойназар, соли таваллудаш 1989, Муродов Фарҳод, корманди 30-солаи комиссариати ҳарбии шаҳри Гулистон ва Пулотов Далери 26-сола, сокинони шаҳри Гулистон ба ҳалокат расидаанд.

Инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Opel -Vectra”, Хоҷамуродов Беҳрӯз ва мусофиронаш - Турдиев Қурбони 47-сола, Сангинов Уммати 58-сола, Ҳайдаров Алишери 23-сола, сокинони ноҳияи Зафаробод, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ВУД таъкид кардааст, садамаи мазкур, ки дар рӯзи равшан, пеш аз зуҳри 25 апрел рух дод, натиҷаи ҳаракат бо суръати баланду нақзи қоидаҳои ҳаракат мебошад.

Лентаи хабарҳо
0