Хоби нисфирӯзии тифлони 1 ва 2-сола абадӣ шуд: шарҳи фоҷиа дар Айнӣ

© Sputnik / Алексей Петров / Гузариш ба медиабонкПожар в частном доме, архивное фото
Пожар в частном доме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон сӯхтори рӯзи 10 май дар ноҳияи Айниро, ки ду тифли кушта барҷой гузошт, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Бар асари сӯхтор дар рустои Курути ноҳияи Айнӣ ду тифли ду ва яксола ба ҳалокат расиданд, хабар дод КҲФ.

Прохожие на улице в Душанбе в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
"Аз хона набароед!": садои баландгӯяки ситоди COVID -19 дар деҳоти Суғд

"Нимирӯзии рӯзи якшанбе хонаи сокини 31-солаи ин деҳа оташ гирифт. Бо талоши кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Айнӣ  ин сӯхтор пурра хомӯш карда шуд, вале мутаассифона аз фоҷиа ҷилавгирӣ нашуд", - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, фоҷиа дар хонаводаи Зариповҳо рух дода, дар натиҷа Бузургмеҳр, соли таваллудаш 2018  ва бародараш Аврангзеб, соли таваллудаш 2019 дар ҷои хобашон ба ҳалокат расидаанд.

Мақомот бар асоси иттилои аввалия мегӯянд, як сабаби сӯхтор бе назорат гузоштани асбоби барқӣ будааст.

"Аммо ҳоло мизони зарари расида ва иллати аслии сар задани сӯхтор аз ноқили барқ ё таҷҳизоти дигар дақиқ гуфта нашудааст", - таъкид кардааст КҲФ.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки кӯдаконро бе назорат ҳеч гоҳ нагузоранд. 

Лентаи хабарҳо
0