ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Талошҳои мукаррари мо барои тамос бо навбатдори прокуратураи ноҳияи Файзобод натиҷа надоданд. Аммо як манбаъ дар ҳукумати ноҳия ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пас аз марги прокурори ноҳия тамоми кормандони прокуратура дар Шифохонаи марказии ноҳияи Файзобод таҳти қарантина гирифта шудаанд.
Хабари даргузашти прокурори ноҳияи Файзободро дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон низ таъйид карда, иттилое аз ин беш надоданд. Аммо бино ба иттилои яке аз ҳамсинфони донишгоҳии Карим Каримӣ, мавсуф субҳи содиқи 10 май, ҳаволии соати 4.30 дар Шифохонаи ноҳиявии Файзобод ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
“Ба қавли табибон, ӯ як ҳафта қабл гирифтори пневмония шуда, дар шифохона бистарӣ буд. Баъди даргузашташ кормандони тиб ӯро бо мошини "Ёрии таъҷилӣ” ба хонааш, воқеъ дар маҳаллаи мавсум ба “Профосоюз” оварданд, то наздиконаш бо ӯ видоъ кунанд. Ба зудӣ ҷасади ӯро ба Қабристони ҷадиди маҳаллаи Калинин интиқол дода, он ҷо бо иттифоқи теъдоди каме аз ҳамкорону пайвандон ҷаноза карданд ва ба хок супурданд,” – гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Карим Каримӣ, мутаваллиди соли 1973 буда, соли 1995 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм кардааст. Аз оғоз фаъолияти худро дар прокуратураи низомии Тоҷикистон шурӯъ намуда, ёвари прокурор, муфаттиш ва муовини прокурори Горнизони шаҳри Душанбе буд.
Аз соли 2017 прокурори ноҳияи Файзобод таъин шуд. Рутбааш мушовири адлияи дараҷаи 1 (мусовӣ ба полковники соҳаи прокуратура) аст.
“Ӯ аз хонаводаи муҳоҷирини деҳаи Жамаки водии Язгулом, ноҳияи Ванҷи Куҳистони Бадахшон буд, ки дар замони Шӯравӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ интиқол ёфтанд. Худ дар Душанбе зода шудааст. Ҳанӯз дар замони донишҷӯӣ аз донишгоҳ дар мусобиқаҳои гӯштин намояндагӣ мекард. Баъдтар чанд маротиба дар гӯштини юнониву румӣ низ унвони қаҳрамонии Тоҷикистонро соҳиб шуда, дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ низ ширкат кардааст”, - гуфт гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Дар пайи фавти Карим Каримӣ зуҳри 10 май хабари даргузашти Арбобқодир Ҷамҳуров, сардори яке аз шӯъбаҳои Раёсати созмондиҳӣ ва сафарбаркунии фаврии Ситоди генералии вазорати дифоъи Тоҷикистон низ расид. Ориф Низомиён, сухангӯи вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум беш аз як ҳафта дар шифохонаи низомӣ (госпитал) – и вазорат бо табобати дил машғул буда, ду рӯз пеш аз маргаш фориғ шудааст.
“Ду рӯз он кас дар манзили худ буданд ва имрӯз хабар расид, ки аз сактаи дил вафот кардаанд. Полковник Арбобқодир Ҷамҳуров ҳудуди 55 сол доштанд ва як инсони меҳрубону низомии ҳирфаии шоиста буданд, ки хизматҳои он кас пеши ватану миллат фаромӯш намешавад”, - гуфт Ориф Нозимиён.
Мусибат дар хонаводаи Маҳмадсаид Убайдуллоев: бародари ӯ даргузашт
Арбобқодир Ҷамҳуров зодаи ноҳияи Айнӣ буда, тамоми умр дар ҷузву томҳои низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон кор кардааст ва як муддат комиссари низомии ноҳияи мазкур низ будааст.