ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Теъдоди бемороне, ки дар Русия ба коронавирус гирифтор шудаанд ба 209 ҳазор нафар расидааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.
Дар маҷмӯъ, давоми як шабонарӯз 11 012 ҳолати нав ошкор карда шудааст.
Шумори умумии фавтидагон бошад ба 88 нафар расида, ин омор дар умум ба 2 ҳазор наздик мешавад.
Гуфта мешавад, давоми як шабонарӯз ҳамчунин тақрибан 2390 нафар шифо ёфта шумораи умумии табобатшудагон ба 34 ҳазор нафар мерасад.
Тибқи маълумоти Роспотребнадзор, ҳамчунин дар як шабонарӯз беш аз 200 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст (дар тамоми вақт 5,4 миллион).
Русия дар қатори кишварҳое, ки сатҳи гирифтории коронавирус дар он баланд аст, пас аз ИМА, Испания, Италия ва Фаронсаву Британияи Кабир дар ҷойи панҷу меистад.