Супориши муовини сарвазир: аз қиматшавии доруворӣ дар вилояти Суғд ҷилавгирӣ кунед

© NakibMurodovИсматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи ситод, ки ахиран дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, Ширин Исматуллолода, муовини сарвазири Тоҷикистон аз масъулини шаҳри Хуҷанд талаб кардааст, ки барои пешниҳоди муаммову мушкилоти ҷойдошта фаъол бошанд ва дар якҷоягӣ барои рафъи он чораҳо андешанд

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Ширин Исматуллолода, муовини сарвазири Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро дар ҷаласаи навбатӣ ба тақвияти бештари корҳо дар самти мубориза алайҳи паҳншавии бемории каронавирус дар вилояти Суғд ҷалб намуда, аз масъулин талаб кардааст, ки барои пешниҳоди муаммову мушкилоти ҷойдошта фаъол бошанд ва дар якҷоягӣ барои рафъи он чораҳо андешанд.

Сотрудники медицинской службы в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ситоди Хуҷанд: пизишкон ва дорухонаҳо бо тамоми лавозимоти тиббӣ таъминанд

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст.  

Бино бар иттилои манбаъ, Ширин Исматуллозода ҳамчунин ба масъулини дахлдор барои ҷилавгирӣ аз қиматшавии маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода, ҳамзамон барои ворид намудани доруворӣ аз хориҷи кишвар бо ҷалби соҳибкорон, машварат дод.

Дар ҷаласаи мазкур таъкид гардидааст, ки то имрӯз 15 ширкатҳои машҳури воидкунандаи маводҳои доруворӣ дар вилоят фаъол буда, аз имтиёзу дастгириҳои доимии ҳукумат бархӯрдоранд.

“Аз ширкатҳо хоҳиш карда мешавад, ки вобаста ба вазъи имрӯза барои фаровонсозии маводи доруворӣ ва паст кардани нархи он саҳмгузор бошанд”, - таъкид доштааст манбаъ .

Бояд қайд кард, ки Ширин Исматуллолода, муовини сарвазири Тоҷикистон айни ҳол 10 рӯз инҷониб бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор доранд. Вай масъули Ҳукумати кишвар барои пешгирӣ аз коронавирус дар вилояти Суғд таъин шудааст.

Ширин Исматуллолода, муовини Сарвазири мамлакат ҳамарӯза 2 маротиба бо масъулини тандурустии вилоят Ситод гузаронида, дар як вақт аз шаҳру навоҳии вилоят боздид намуда истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0