Дар Эрон шумори мубталоён ба коронавирус боз афзоиш ёфт

© Claudio FurlanВрачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии
Врачи работают с пациентами Covid-19 в отделении интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Эрон таъкид доштааст, ки шумори мубталоён ба коронавирус ва бемории КОВИД-19 дар Эрон аз 106 ҳазор нафар фаротар рафт, аммо омори фавтидаҳо коҳиши ошкореро нишон медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран дар бораи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, дар 24 соати ахир, як ҳазору 529 бемори нав ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Пассажиры метро в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Пизишкони Эрон тавонистанд беш аз 82 ҳазор маризи коронавирусро табобат ва мураххас кунанд

Бино бар иттилои манбаъ, Киёнуши Ҷаҳонпур афзудааст, ки то кунун дар Эрон 106 ҳазору 220 нафар ба коронавирус олуда шудаанд.

Вай афзудааст, дар Эрон то кунун 85 ҳазору 64 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд.

Пирӯзӣ бар коронавирус?: мақомоти Эрон аз шифо ёфтани беш аз 81 ҳазор нафар хабар дод

Ҳамзамон Ҷаҳонпур илова кардааст, ки дар 24 соати ахир дар Эрон фавти 48 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи омори мақомоти Эрон дар маҷмӯъ дар Эрон аз коронавирус шаш ҳазору 589 нафар ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0