Балво аз гуруснагӣ: эътирози хунин барои тақсими ноодилонаи маводди ғизоӣ дар Афғонистон

© AP / Rahmat GulРабочие в очереди за бесплатным продовольствием в Кабуле, Афганистан
Рабочие в очереди за бесплатным продовольствием в Кабуле, Афганистан  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Неруҳои амниятии Афғонистон дар вилояти Ғур ба сӯи тазоҳургарон, ки барои ноодилонаи тақсим кардани маводди ғизоӣ ва нони хушк ҷамъ омада буданд, тирандозӣ карда чандин нафарро кушта ва зихми карданд

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Шумори куштаҳои тирпаронии неруҳои амниятӣ ба тазоҳуроти эътирозомез дар вилояти Ғури Афғонистон ба ҳафт нафар афзоиш ёфт, иттилоъ додааст ИРНО.

Тибқи иттилои манбаъ, даҳҳо тан аз мардуми камбизоати шаҳри Фирӯзкӯҳ, маркази вилояти Ғури Афғонистон рӯзи шанбе дар эътироз ба нотавонии мудирияти давлати Ашраф Ғанӣ дар кумакрасонӣ ба беморони КОВИД-19 ва хонаводаҳои ниёзманд, тазоҳурот карданд, ки бо хушунати неруҳои амниятӣ рӯбарӯ шуданд.

Тест на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустии Афғонистон гирифтори коронавирус шуд

Манбаъ иттилоъ додааст, ки ин шаҳрвандон ба пахш кардани  ноодилонаи маводди ғизоӣ ва нони хушк эътироз доштанд.

Манбаъ афзуд, ки дар ин хушунат бо тирпаронӣ аз сӯи ду тараф, панҷ тан аз муътаризон ва ду полис кушта ва 19 муътариз ва 10 полис низ захмӣ шудаанд.

Қаблан шумори куштаҳо ду нафар эълом шуда буд.

Гуфта мешавад як хабарнигори маҳаллӣ низ дар ин тазоҳурот кушта шудааст.

Давлати Афғонистон дар пайи гузоришҳо бар асоси фақри густурдаи бархоста аз густариши коронавирус  ва бекории мардум, иқдом ба тавзеи нони хушк карда, ки аз Кобул- пойтахти Афғонистон оғоз шуда ва ба сурати тадреҷӣ дар вилоятҳо густариш ёфтааст, аммо бархе шаҳрвандон аз фасод дар раванди тавзеи нони хушк ба мустамандон шикоят доранд.

Бар асоси оморҳои расмӣ, то кунун 31 нафар дар вилояти Ғури Афғонистон ба коронавирус олуда шудаанд, ки аз ин миён танҳо ду нафар беҳбуд ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0