ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik, Марина Чернишова-Мельник. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон - Александр Дмитриевич Раҳматов (исми худӣ Искандар) ду ҳаёт аз сар гузаронидааст.
60 сол мешавад, ки куҳансарбоз дар қайди ҳаёт нест, вале наздиконаш хотираи ӯро пос медоранд. Абераи куҳансарбоз Ясмина Раҳматова хотираи бобояшро зинда нигоҳ доштааст.
Искандар Раҳматов соли 1923 дар шаҳри Уротеппа (Истаравшани ҳозира) - и вилояти Суғд, ба дунё омадааст. Вақте замони интихоби касб фаро расид, ҷавон қарор кард, ки низомӣ шавад ва ба коллеҷи низомии шаҳри Тошканд дохил шуд. Дар замони донишҷӯӣ ӯ бо духтаре бо номи зебои Клеопатра хонадор шуд. Зиндагӣ бисёр хуб буд: ҳамсари зебо, касби дӯстдошта, ватани офтобӣ...Вале, ҳамааашро ҷанг барбод дод.
Соли 1941 Искандари 18-сола ва дигар донишҷӯёни коллеҷ омӯзишро ба охир нарасониданд. Ӯро барои адои вазифа ба ҷанг ба вилояти Маскав фиристоданд. Аввал ӯ сарбози қаторӣ буд, вале зуд то командирӣ расид. Чанд моҳ барои идомаи омӯзиш Искандарро ба Тошканд бозгардониданд. Коллеҷро бо рутбаи лейтинанти калон хатм кард. Пасон боз ба ҷанг рафту он ҷо командири дивизияи танкӣ таъин шуд. Барои кори пурмаҳсул Искандар соҳиби шаш нишон, аз ҷумла ордени "Ситораи сурх" ва медали "Барои ҷасорат" шуд.
"Товариш Раҳматов ҳангоми ҳуҷум ба деҳаи Раево-Александровкаи ноҳияи Криворожски вилояти Днепропетровск пулемёти душманро пай бурда 25-30 метр ба он наздик шуду, бо гарната ба онҳо ҳуҷум кард. Пулемёт нобуд карда шуд. Бо ҳамин Раҳматов роҳи аскарони худро тоза кард. Дар ҳамин даргирӣ Раҳматов се сарбози олмониро кушта, ду сарбози дигарро асир гирифт", - омадааст дар гузориши мукофотӣ.
Соли 1943 ӯ то Могилёви Белорус расид, вале дар ҷанг пой ва синааш сахт захмӣ шуд: танке, ки дар дохили он Искандар қарор дошт, аз ҷониби душманон тирборон шуд.
"Шушҳои бобокалонам захмӣ шуданд ва ӯ аз ҳуш рафт. Ӯро фавран бистарӣ карданд ва чанд ҷарроҳие низ гузарониданд. Ӯ чанд сол табобат гирифт, танҳо авоили соли 1945 Искандар Дмитриевичро мураххас карданд. Вале ба далели ҷароҳатҳо ӯ дигар ба ҷанг боз нагашт. Ӯро чун маъюби гурӯҳи 1 барои хизмат роҳ надоданд. Ӯ ба Уротеппа ба ватан бозгашт", – нақл кард Ясмина.
Пирӯзиро капитан Раҳматов бо ашки чашмон ва дигар ном, пешвоз гирифт. Акнун ӯро Александр мегуфтанд.
"Гап сари ин кӣ бобокалонам дӯсти ҷоние доштааст. Онҳо ҳамроҳ дар Уротеппа ба воя расидаанд. Ҳамроҳ дар коллеҷи низомӣ хондаанд. Онҳо дӯстони ҷудонашаванда буданд, ки ба ҳамдигар дар ҳама кор ёрӣ мекарданд. Вақте онҳоро ба ҷанг бурданд, дӯстон маслиҳат карданд, ки дар сурати марги яке дигарӣ номи ӯро мегирад. Муттассифона дӯсти бобокалонам сахт захмӣ шуд ва дар бемористон дар пеши чашмони Искандар ба ҳалокат расид. Ҳини бозгашт аз ҷанг, бобоям ба иҷрои шартнома пардохт ва номи дӯсташро гирифту Александр шуд", – нақл кард ӯ.
Хушбахтона, ҳамсараш Клеопатра ҷангро аз сар гузаронид. Хонаводаи ҷавон боз пас аз ҷанг якҷо шуд ва соҳиби чор фарзанд гардид: се писар ва як духтар.
"Хонавода ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳонӣ аз бобоям муроқибат мекарданд. Чун марги дӯсти деринаро аз сар гузаронидан, осон нест. Онҳо дар хонаи шахсӣ зиндагӣ мекарданд, ки то оғози ҷанг харида буданд", – мегӯяд абераи Раҳматов.
Тадриҷан Александр Дмитриевич сиҳат шуд ва дар корхоани истеҳсоли шароб кор карда то муовини мудир расид. Оилаашон зиндагии хушбахтона дошт: кӯдакон бо хушӣ бузург мешуданд, ҳамсар ба корҳои хона машғул буд. Муттассифона сол то сол ҷароҳатҳои солҳои ҷанг аз худ дарак медоданд. Саломатӣ бад шуд ва соли 1959 Раҳматов аз дунё даргузашт. Ӯ умри каме дид ва хеле ҷавон дар синни 36 солагӣ даргузашт.
Фарзандонаш дар ҳар гӯшаю канори дунё ба сар мебаранд: яке дар Тоҷикистон монд, дигаре ба Ӯзбекистон кӯч баст сеюмӣ ба Русия ва Канада рафтанд. Раҳматов соҳиби 12 набера ва 14 абера шуд. Вале, ҳамаи ин солҳо хонаводаи Раҳматов хотираи куҳансарбозро, ки барои пирӯзии ҳамагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саломатиашро аз даст дод, зинда нигоҳ медоранд.