ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 75-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании дар пояи лавҳаи ёдгории "Боғи Ғалаба"-и пойтахт гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросим роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Путин ҳамдигарро ба Рӯзи ғалаба табрик карданд
Бар хабари котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, нахустин шуда Эмомалӣ Раҳмон барои пос доштани хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди "Оташи ҷовидон" гулчанбар гузоштанд.
Дар ин маросим ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.