Омори нави захмиёни муноқишаи марзӣ дар ҷаласаи Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфта шуд.
Зимнан, вазъи саломатии ду нафар мӯътадил буда, пизишкон вазъияти як нафарро вазнин арзёбӣ мекунанд.
Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: қирғизҳо мегӯянд оташро тоҷикҳо кушоданд
Қаблан сухангӯи шаҳри Исфараи вилояти Суғд хабар дода буд, ки дар пайи даргириҳои рӯзи 8 - уми май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду нафар захмӣ шудаанд.
Бино ба иттилои сухангӯи шаҳри Исфара, ихтилоф замоне сар мезанад, ки сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Бодканд "худсарона ва дидаву дониста" ба марзи Тоҷикистон, заминҳои саҳроии маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, 60 сотих замини як қитъаи 4 гектараро, ки ҷуворимакка кишт шуда буд, ғасб кардаанд.
Шарҳи КДАМ Тоҷикистон дар бораи тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон
Сухангӯи шаҳри Исфара мегӯяд, дар давоми муноқиша марзбонони қирғиз низ ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир кушоданд ва дар посух ба онҳо марзбонони тоҷик низ вориди амал шуданд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар оғози тирпарронӣ айбдор карданд.
Read more: https://sputnik-tj.com/defense_safety/20200508/1031207295/jarohati-du-shahrvandi-Tojikiston-dar-payi-tirparroni-dar-marz-bo-iriziston.html