Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Гузориши тозаи КДАМ аз даргириҳо: низомиёни қирғиз аз автомати Калашников тир парронданд

© Sputnik / © Sputnik / Григорий СысоевПограничник. Архивное фото
Пограничник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба гузориши тозаи КДАМ Тоҷикистон 30 нафар низомиёни постгоҳи "Коктош" ва отряди сарҳадии "Ботканд" ба ҷои ором намудани вазъият, амалҳои иғвогаронаи сокинони қирғизро пуштибонӣ карда, аз автомату пулемётҳои Калашников ба сӯи мардуми Тоҷикистон тир парронданд

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 8 майи соли 2020 соати 17:05, шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи ба номи Ибодулло Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни иҷозати мақомоти маҳаллӣ кишти зироатро дар масоҳати 4 гектар, оғоз кардаанд.

Местные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷароҳати 2 тоҷик: даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва шарҳи ҷонибҳо

Муҳриддинов ва Айдарбеков муноқишаи марзиро дар як тамоси телефонӣ баррасӣ карданд

Тибқи иттилои ин ниҳод, бо мақсади пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандони ҶҚ огоҳ карда шуданд, ки минтақаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ва бояд онҳо ин минтақаро тарк кунанд. Аммо ҷониби қирғиз  беш аз 80 нафар сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати Оксойи ноҳияи Бодкандро ба ин муноқиша ҷалб ва таҳрик намуд. Онҳо ба тарафи сокинони ҷамоати Чоркӯҳ санг партофта, аз силоҳи оташфишон истифода карданд.

"Соати 18:10 дақиқа 30 нафар хизматчиёни постгоҳи сарҳадии «Коктош» отряди сарҳадии «Ботканд» ва 10 корманди ШВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷои ором намудани вазъият, амалҳои иғвогаронаи сокинони қирғизро пуштибонӣ карда, аз автомату пулемётҳои Калашников ба сӯи мардуми осоиштаи Тоҷикистон тир парронданд. Барои муҳофизати худ ва шаҳрвандон, сарҳадбонони тоҷик маҷбур шуданд, ки оташи ҷавобӣ кушоянд", - омадааст дар хабарнома.

Дар натиҷаи тирпарронӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозилов Фазлиддин, соли таваллудаш 1983 ва Шарипов Айёмиддин, соли таваллудаш 1971 ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.

Манбаъ афзуда, ки феълан ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ миёни намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0