Даргузашти Каромат Шарипов аз сактаи қалб дар Ваҳдат

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкКаромат Шарипов, архивное фото
Каромат Шарипов, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз собиқ роҳбари созмони "Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик" Каромат Шарипов бар асари сактаи қалбӣ вафот кард

ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Каромат Шарифов, ҳомии ҳуқуқи маъруф дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт. Гуфта мешавад, Шарифов  вақтҳои ахир аз бемории қалб ранҷ мебурд ва субҳи 9-уми май дилаш аз задан монд.

Каромат Шарипов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Каромат Шарипов: фаъолияти иҷтимоии ман тамом шуд, ба сиёсат меравам
Бар тибқи хабари дарёфтӣ, Шарифов дар шаҳри Ваҳдат аз олам гузашт, вале  ҷанозаашро барои дафн ба зодгоҳи ӯ ноҳияи Файзобод бурданд. Дар назар аст, ки маросими видоъ бо ӯ пеш аз зуҳри имрӯз баргузор шавад.

Ёдовар мешавем, ки моҳҳои ноябри соли 2018 расонаҳои Русия хабар доданд, ки роҳбари Федератсияи муҳоҷирони ИДМ Каромат Шарипов аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Қарори вижаро додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав содир кадааст.

Додгоҳ шикояти Шариповро қонеъ накарда, ӯро дар толори суд боздошт кард ва пас аз чанде ба ӯ огоҳинома дод, ки ба Тоҷикистон истирдод мешавад.Вакили роҳбари муҳоҷирон аз ин ҳукми додгоҳи шаҳрӣ ба додгоҳи вилоятӣ шикоят бурд, аммо ҳукми додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав тағйир наёфт. Каромат шарипов 13 декабри соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0