ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Имрӯз, 9 май, аз Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар зиёда аз 40 нафар беморон, ки бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ буданд, пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд, хабар медиҳад, шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.
Тавре, Давлатмурод Бояков, муовини сартабиби беморхона иброз намуд, дар ин бемористон, ки муваққатан ба дармонгоҳи бемориҳои сироятӣ табдил дода шудааст, беш аз 610 кат барои беморон омода гардидааст.
"То имрӯз 200 нафар бистарӣ шуда, хушбахтона, дирӯз 70 нафар ва имрӯз бошад, 40 нафари онҳо пурра табобат ёфта, дар ҳолати қаноатбахш ба манзилҳояшон ҷавоб дода шуданд", - гуфт Бояков.
Гуфта мешавад, хурсандии беморон, духтурон ва аҳли оилаи беморон ҳадду канор надошта, онҳо миннатдории хешро ба Президент ва табибони ҳозиқ барои ғамхориву дастгириашон расониданд.
Аз ҷумла, сокини шаҳри Бохтар Фирӯз Бойматов, ки модараш тӯли чанд рӯз боз бистарӣ буду пас аз сиҳат ёфтан рухсат дода шуд, ҳамзамон беморон Самадов Раҷабалӣ, Шарифзода Шарифхон, Нуруллозода Сумая, Исмонова Санавбар, ки муддате таҳти назорати табибони ин беморхона қарор дошта, саломатии худро барқарор намуданд, аз ғамхории табибон, ки шабу рӯз дар нигоҳубини беморон заҳмату бедорхобӣ мекашанд, изҳори сипоси бепоён намудаанд.
Аз воҳимаи беасос то нархи баланди доруворӣ: муроҷиати занони Хуҷанд ба мардуми Тоҷикистон
Беморон ва табибон имрӯз аз дастгирии шахсони саховатпеша, хайрхоҳ, ки дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ карда истодаанд ва аз ҷиҳати таъмини доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ таъмин месозанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.