Аз миёни 800 ҳазор заноне, ки замони ҷанг дар майдони набард буданд ва мардонавор бар муқобили душман меҷангиданд, тақрибан 150 ҳазор нафари онҳо бо ордену медалҳо сарфароз гардонда шуданд.
Гузашта аз ин, беш аз 90 нафар бонувон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро касб намуданд.
Сарбозони 100 – солаи ҶБВ аз Тоҷикистон: кӣ 75 – умин солгарди Ғалабаро ҷашн мегирад?
Замони ҷанг занон ҳам милтиқ дар даст доштанду ҳам ҷони захмбардоштаҳоро наҷот медоданд. Бонувон ҳам дар корхонаҳои коркарди яроқ фаъол буданд ва ҳамзамон барои маҳви душман ҷӯйборҳои зидди танкӣ меканданд.
Аз номи муборизони мариз ба пайвандони онҳо мактуб навишта ирсол мекарданд. Симои қаҳрамон занони замони ҷангро аз тасвирбаёни таҳиянамудаи Sputnik Тоҷикистн дидан кунед.

Корманди санитарӣ Валя Грибкова муборизи захмбардоштаро аз майдони ҷанг берун мекунад

Фаъолияти бонувон дар корхонаи коркарди мин. Соли 1942

Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945. Евгения Жигуленко, халабони 46-уми Гвардияи авиатсионии занонаи ҳавопаймоҳои шабона 23 феврали 1945 ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гардонда шуд. Аз бойгонии шахсии Е. Жигуленко.

Гурӯҳи нишонзанҳои ихтиёрӣ дар сафи Артиши сурх

Люба Макарова бо милтиқи мерганӣ дар солҳои ҶБВ

Оператор ва роҳбалади полки 586 - ум дар замони ҶБВ

Сержант Лиза Терехова лавозимоти ҷангиро пур мекунад

Дар минтақаи Донбасс занон ҷӯйборҳои зидди танкро кобиданд. Соли 1941

Қисми партизанӣ дар Украина

Бонуи алоқачӣ бо телефони саҳроӣ даар замони ҷанг

Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Мария Долина

Ҳамшираҳои шавқат дар замони ҶБВ

Ҳамширафи шавқат аз номи муборизи ҷароҳатбардошта ба пайвандони ӯ мактуб менависад
