ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, рӯзи ҷумъа, 8 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, муноқиша сари истифодаи 50 гектар замин дар вилояти Бодканд сар задаст.
"Ин макон аломатгузорӣ нашудааст ва амалан аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон истифода мешавад. Тақрибан 30-40 шаҳрванди Қирғизистон ва 30-40 шаҳрванди Тоҷикистон якдигарро сангборон карданд. Дар ҷараёни ин ҳодиса аз силоҳи шикорӣ низ тир холӣ шуд. Бо мақсади пешгирӣ аз муноқиша сарҳадбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон чанд маротиба ба ҳаво тир паронданд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки пас аз дахолати сарҳадбонон вазъият то чанд муддат ором шуд ва миёни шаҳрвандони ҳар ду ҷониб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд.
Sputnik Қирғизистон аз қавли мақомоти ин кишвар хабар додааст, ки бо гузашти андак вақт сарҳадбонони Тоҷикистон самти ҳамтоёни худ ва шаҳрвандони Қирғизистон оташ кушоданд. Алъон вазъият дар марз мураккаб гуфта мешавад.
Тафсилоти бештар дар ин саҳифа нашр мешавад.