Шарҳи КДАМ Тоҷикистон дар бораи тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон

© Sputnik Пограничный пост, архивное фото
Пограничный пост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон хабар дод, ки 8-уми майи соли 2020, соати 18:00 дар мавзеи сарҳадии Кумазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара муноқишаи сарҳадӣ ба вуқӯъ пайваст

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Сабаби муноқиша аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ба тарзи худсарона аз худ кардани 4 га замини тибқи санадҳои меъёри. ҳуқуқӣ ба Тоҷикистон тааллуқдошта мебошад, хабар дод КДАМ.

"Сарҳадчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷойи он ки аз муноқиша пешгирӣ кунанд, нақши иғвогарона бозида, ба сӯйи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон аз яроқи оташфишон тир холӣ карданд. Дар натиҷа, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозилов Фазлиддин, соли таваллудаш 1983 ва Шарипов Айёмиддин, соли таваллудаш 1971 сахт захмдор гардиданд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид кард, ки дар натиҷаи чораҷӯиҳои ду ҷониб, васеъшавии низоъ пешгирӣ карда шуд.

КДАМ изҳор доштааст, ки байни тарафҳо – сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва мақомоти ҳокимияти давлатии ҳарду ҷониб баҳри пурра ба эътидол овардани вазъият гуфтушунид идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0