Муродов ба се оилаи камбизоат дар Душанбе хона дод-аксҳо

© саҳифаи ҲХДТ Тақдими хонаҳо аз ҷониби соҳибкор Маҳмудҷон Муродов ба камбизоатон дар Душанбе
Тақдими хонаҳо аз ҷониби соҳибкор Маҳмудҷон Муродов ба камбизоатон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов, мудири ширкати "Сарманзил" ва вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз ҲХДТ ба се нафар аз оилаҳои ятим ва дорои маъюбият дар кӯчаи Айнии пойтахт хона дод

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Тибқи иттилои ҲХДТ, соҳибкор Муродов ба Раъно Раҳимова,  Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам дар бинои навбунёд дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур хонаҳо дод.

Раъно Раҳимова модари 4 фарзанд аст, ки 3 нафари онҳо маъюб мебошанд, дар суҳбат бо “Ховар” изҳор доштааст, ки солҳои зиёд бо фарзандони маъюбаш бесарпаноҳ будаст.

Бар асоси гузоришҳо Маҳмудҷон Муродов, соҳибкори тоҷик, тайи моҳи Рамазон дар маъракаҳои хайрия фаъолона иштирок карда, ба оилаҳои камбизоату собиқадорони ҶБВ дар баробари кумаки молиявӣ инчунин маводи ғизоиро ироа кардааст. Муродов қаблан бо харҷи беш аз 6,8 миллион сомонӣ ятимхонаи Душанберо таъмир ва муҷаҳҳаз карда буд. 

Лентаи хабарҳо
0