"Маро дар ин моҳи муборак бубахшед": узрхоҳии Юлдуз пас аз моҷаро бо кормандони милитсия

Обуна шудан
Сарояндаи саршиноси Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова расман аз кулли мардуми Ӯзбекистон пас аз моҷарои тунд бо кормандони милитсия пӯзиш пурсид

ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Юлдуз Усмонова пас аз қазияи ҳангомадор бо кормандони ВУД Ӯзбекистон муроҷиати видеоӣ сабт намуда дар сафҳаи худ дар Instagram онро нашр намудаст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

#yulduzusmonova @yulduzusmonovamusic

Публикация от Yulduz Usmonova (@yulduzibragimovnausmonova)

Сарояндаи саршиноси Ӯзбекистон дар муроҷиати худ аз кулли шаҳрвандони ин ишвар дар робита ба қазияи чанд рӯз қабл бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва раво доштани суханҳои ноҷо дар нисбати онҳо, узрпурсӣ намудаст.

"Аз сабаби хашм, ман бисёр чизҳои нолозимро гуфтам. Ман аз ҳама хоҳиш мекунам, ки дар ин моҳи муқаддас маро бубахшед. Дар ин рӯзҳои муборак аз ман хафа нашавед. Ман аз ҳамаи низомиён, ки кори худро барои манфиати мо анҷом медиҳанд, бахшиш мепурсам. Ман аз волидони онҳо пӯзиш мепурсам. Иқрор мешавам, ки хато кардам. Ҳоло мо бояд дар ин рӯзҳои душвор муттаҳид ва сарҷамъ бошем ", - афзудаст Усмонова.

Чанде қабл ба шабакаҳои иҷтимоӣ наворе роҳ ёфт, ки дар он Юлдуз Усмонова бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ вориди баҳси шадид шуда буд.

Усмонова ин амалкарди онҳоро танқид ва нисбати онҳо суханони таҳқиромез гуфт.

Мо дар хона меистем: Юлдуз Усмонова ҳангоми карантин онлайн консерт дод

Моҷаро аз он сар зад, ки Усомонова барои ҷабридидаҳои вилояти Сирдарё иқдоми хайриявӣ эълон кард. Кумакҳои башарӣ мебоист бо мошини боркаш озими ин вилоят мешуданд, вале кормандони милитсияи аз ин кор ҷилавгирӣ намуданд, ки амали онҳо  боиси хашми сароянда гардид.

Зимнан, Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон низ дар робита ба ин қазия мавқеъгирӣ намуда, амали Усмоноваро шаддидан маҳкум кард. 

Ба изҳори вазорат, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар вазъияти душворе, ки имрӯз Ӯзбекистон дучори он шудаст, шабонарӯзи фаъолият мекунанд ва "мардум бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд".

Зикр мегардад, ки Усмонова баъди чанде расман аз кормандони ВУД- и Ӯзбекистон низ узрхоҳӣ намудааст.

Лентаи хабарҳо
0