Коршинос гуфт, Ӯзбекистон чихел метавонад дар мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон ёрӣ кунад

© © Sputnik / Рамиз БахтияроМаруфжон Мадаминов - заведующий лабораторией чумы Республиканского центра профилактики чумы, карантинных и особо опасных инфекций Минздрава РУ
Маруфжон Мадаминов  - заведующий лабораторией чумы Республиканского центра профилактики чумы, карантинных и особо опасных инфекций Минздрава РУ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъруфҷон Мадаминов, мудири озмоишгоҳи вабои Маркази ҷумҳуриявии пешгирии вабо, қарантина ва бемориҳои сироятии махсусан хавфноки Вазорати тандурустии Ӯзбекистон гуфт, чигуна табибон ӯзбек метавонанд ба Тоҷикистон дар мубориза ба коронавирус кумак кунанд

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Мадаминов гуфт, лабораторияе, ки ӯ роҳбарӣ мекунад, метавонад ба Тоҷикистон дар мубориза бо коронавирус кӯмак кунад.

Учения спецслужб аэропорта по подготовке возможному прибытию инфицированных коронавирусом, в аэропорту Алматы.  - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки Ӯзбекистон ба Тоҷикистон: 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, доруворӣ ва мутахассис

"Эҳтимол, мо ба Тоҷикистон таҷҳизоти муҳофизатӣ аз коронавирус ворид созем ва таҷрибаи худро дар мубориза бо сироят мубодила кунем. Мо инчунин ҳамкасбони тоҷики худро барои ташхиси лабораторӣ омӯзиш медиҳем ва дар ҳолати зарурӣ ба онҳо дар муайян кардани манбаъҳои сироят кӯмак мерасонем. Мумкин аст, ҳатто тавассути воситаҳои махсус кумак расонем”,- гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Вай инчунин илова намуд, ки эҳтимол дорад, аввалин эпидемиологҳои ӯзбек ба Тоҷикистон рафта, вазъи коронавирусро дар кишвар арзёбӣ кунанд ва инчунин муаян созанд, ки ҷумҳурӣ ба чи кумакҳо ниёз доранд.

Пас аз ин мутахассисони ӯзбек имкон пайдо мекунанд, ки нақша таҳия кунанд ва миқдори корҳоро барои мубориза бо паҳншавии сирояти беморӣ дар кишвар муайян кунанд.

Ёдовар мешавем, имрӯ нахустин гуруҳи табибони ӯзбекр ва кумакҳои он кишвар иборат аз лавозимоти тмббӣ бо дастури Шавкат Мирзиёев вориди Тоҷикистон шуд.

Лентаи хабарҳо
0