ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Тиқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохила, ин нафарро кормандонипулиси ноҳияи Шоҳмансур дар пайи шикояти марди 32-солаи сокини пойтахт боздошт кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, ки моҳи июни соли 2018, марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 80 ҳазору 400-доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз сохтмонҳои нотамоми шаҳри Душанбе хонаи 3-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, аммо бо гузашти 2 сол то ҳол на хона шудааст ва на маблағашро барнагардонидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, қаблан вазорат марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Мастчоҳ, ки пеш бо моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми қаллобӣ дастгир карда буд.
Мақомот мегӯяд, ӯ рӯзи 1-уми майи соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии марди 72-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ҳамин ноҳия даромада, барои кишту кори хоҷагии деҳқониаш, аз ӯ 7 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол нагрдонидааст.